Arzon march 2024
Санкт-Петербург: Марде, ки тоҷиконро ба ҷанги Сурия мебурд, дастгир шуд!
3388

Мақомотҳои қудратии шаҳри Санкт-Петербурги Русия нисбати марде, ки муҳоҷирони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бударо бо макру фиреб ба дом афканда, ба ҷанги Сурия мебурд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ин марди 32-сола дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ гумонбар дониста мешавад.

Дар навори видеоӣ баръало дида мешавад, ки чи тавр бригадаи зудамал ба манзиле, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, зада медароянд ва ҳамаи нафарони дар хона бударо маҷбур месозанд, ки бо шикам дар замин бихобанд, вале ному насаби марде, ки ин амалиёт ба хотири дастгир намудани ӯ гузаронида шудааст, пинҳон дошта мешавад. Намояндагони мақомоти тафтишотӣ танҳо ҳамин қадар маълумот додаанд, ки ин мард соли 2015 бо роҳи ташвиқу тарғиб ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба дом афтонида, барои дар ҷангҳои Сурия иштирок кардан розӣ кунондааст.


Фаврӣ: Ҷасади муҳоҷири тоҷикро соҳибӣ кунед!


Намояндаи кадом миллат будани марде, ки тоҷиконро гумроҳ намуда, ба ҷанги Сурия бурдааст, маълум нест, вале акнун ин миёнарав барои ҳамкорӣ бо ташкилоҳои террористӣ ва тарғиби терроризм дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД